Эҳтимоли афзоиши қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон соли 2018

Соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон 4,448 тонна маводи нашъаовар мусодира намуданд, ки дар қиёс бо соли 2016 – 29,8% зиёдтар аст. Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар Муртазо Ҳайдарзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки аз ин миқдор 110 килояш героин, 1,211 тоннааш афюн, 2,384 тоннааш ҳашиш ва 742 килояш бангдона […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон 4,448 тонна маводи нашъаовар мусодира намуданд, ки дар қиёс бо соли 2016 – 29,8% зиёдтар аст.

Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар Муртазо Ҳайдарзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки аз ин миқдор 110 килояш героин, 1,211 тоннааш афюн, 2,384 тоннааш ҳашиш ва 742 килояш бангдона мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2017 кормандони Агентӣ фаъолияти 52 гурӯҳи ҷиноятпешаро ошкор ва қатъ карданд, ки 5-тои онҳо гурӯҳҳои муташаккили фаромиллӣ буданд.

«Дар ҳамкорӣ бо мақомоти Русия гурӯҳӣ фаромилли ҷиноятпешаи бузург ошкор карда шуд, ки ба қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон машғул буд, – қайд кард ӯ. – Аз ҷумла роҳбари гурӯҳ Мусалмон Холов ва боз 8 нафар ҳаммаслакони ӯ боздошт шуданд, ки 6 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистн ва 2 нафар шаҳрвандони Русия мебошанд».

Ҳайдарзода ҳамчунин гуфт, соли 2018 аз афзоиши қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон интизорӣ меравад, зеро майдони кишти он дар ин кишвар зиёд шудааст.

Дар оташдони махсуси Агентӣ беш аз 341 кило маводи нашъаовар сӯзонида шуд, ки ин маводи мухаддир дар 28 парвандаи ҷиноӣ ба сифати далели шайъӣ истифода шуда, нисбати ин парвандаҳо ҳукм мавриди амал қарор гирифтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.