Нахустин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бори нахуст дар доираи нишасти расмӣ вомехӯранд. То ин дам роҳбарони 5 кишвари минтақа ғайрирасмӣ мулоқот мекарданд, дар шакли ду ва сеҷониба ё дар чаҳорчӯби ИДМ, СҲШ, ЕврАзЭС ва ғайра. Бо ташаббуси роҳбарони кишварҳои Қазоқистону Ӯзбекистон моҳи марти соли равон, рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Остона таҳти раёсати президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бори нахуст дар доираи нишасти расмӣ вомехӯранд. То ин дам роҳбарони 5 кишвари минтақа ғайрирасмӣ мулоқот мекарданд, дар шакли ду ва сеҷониба ё дар чаҳорчӯби ИДМ, СҲШ, ЕврАзЭС ва ғайра.

Бо ташаббуси роҳбарони кишварҳои Қазоқистону Ӯзбекистон моҳи марти соли равон, рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Остона таҳти раёсати президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев нахустин ҳамоиши сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Ба ақидаи манбаъ, нишасти қарибулвуқӯъи сарони кишварҳо дар тақвияти муносибатҳои мутақобила миёни кишварҳои минтақа нақши калидӣ бозида, ба беҳтару ҳарчи зудтар амалисозии муштараки барнома ва лоиҳаҳои минтақавии ҷавобгӯ ба манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа такони ҷиддӣ мебахшад.

«Аз замони ба соҳибистиқлолӣ расидан Тоҷикистон ҳамеша ба ҷонибдорӣ аз ҳамгиройӣ бо ҳамаи кишварҳои минтақа изҳори назар мекард ва ҳеҷ гоҳ баргузории ин гуна нишастҳоро рад намекунад», – қайд кард манбаъ.

Хотиррасон шуд, ки дар Паёми Сарвари давлати Тоҷикистон аз 22 декабри соли гузашта дар ин робита зикр гардида буд, ки «Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад».

Мувофиқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, соли 2018 суръати рушди иқтисод дар минтақаи Осиёи Марказӣ афзуда, то ба 2,7 фоиз мерасад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.