Прокуратураи генералӣ: ба бонкҳо 1,3 млрд. «пулҳои дуздидашуда» баргардонида шуданд

– Мақомоти прокуратураи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо соли 2017 ба бонкҳои ҷумҳурӣ 1 млрд. 350 млн. сомонӣ «пулҳои дузидашуда»-ро баргардониданд, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта нисбати 300 нафар, аз ҷумла кормандони бонкҳои дорои мушкилоти «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк», ҳамчунин муфлисшуда […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

– Мақомоти прокуратураи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо соли 2017 ба бонкҳои ҷумҳурӣ 1 млрд. 350 млн. сомонӣ «пулҳои дузидашуда»-ро баргардониданд, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта нисбати 300 нафар, аз ҷумла кормандони бонкҳои дорои мушкилоти «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк», ҳамчунин муфлисшуда – «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» аз рӯи далелҳои азхудкунии воситаҳои бонкӣ ва ғайриқонунӣ додани қарзҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Юсуф Раҳмон таъкид дошт, ки гурӯҳҳои муштараки тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки соли гузашта барои таҳқиқи вазъи буҳронӣ дар бонкҳо таъсис ёфта буданд, имсол ҳам ба кори худ идома медиҳанд.

Прокурори генералӣ ба саҳмгузорони бонкҳо, ки пулҳои амонатгузоштаашонро баргардонида наметавонанд, тавсия дод, ки аз рӯи ин масъала ба мақомоти судӣ муроҷиат кунанд.

Дар идома Юсуф Раҳмон қайд кард, ки соли гузашта дар Тоҷикистон барои риоя накардани меъёрҳои қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 363 нафар ва қонуни масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон 2 ҳазору 750 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони тоҷик хостаанд, ки пеш аз сафар ба ин кишвар ҳуҷҷатгузории зарурӣ, аз ҷумла, гузаштан аз...

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Ин вақти муҳоҷиронро сарфа карда, барои будубоши қонунӣ ва бехатари онҳо дар Русия мусоидат мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.