Тӯли 1 сол қарзи ширкати «Барқи тоҷик» 1 млрд. сомонӣ афзуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи ширкати «Барқи тоҷик» бидуни назардошти қарзҳои аз ҷониби Вазорати молия ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории энергетикӣ соли 2017 ба маблағи 1 млрд. сомонӣ афзуд. «Қарзи кредитории ширкати «Барқи тоҷик» бидуни созишномаҳои қарзии сармоягузорӣ беш аз 3,7 млрд. сомониро ташкил медиҳад», – хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон. Ёдрас мекунем, ки аввали соли […]

Қарзи ширкати «Барқи тоҷик» бидуни назардошти қарзҳои аз ҷониби Вазорати молия ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории энергетикӣ соли 2017 ба маблағи 1 млрд. сомонӣ афзуд.

«Қарзи кредитории ширкати «Барқи тоҷик» бидуни созишномаҳои қарзии сармоягузорӣ беш аз 3,7 млрд. сомониро ташкил медиҳад», – хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли гузашта сардори Сарраёсати молияи ширкати «Барқи тоҷик» Рустам Маҷидзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буд, ки ширкат бидуни назардошти қарзҳои ҷалбшуда 2,7 млрд. сомонӣ қарздор аст.

Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта қарзи ширкат назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ба 763 млн. сомонӣ (соли 2017 – 110 млн. сомонӣ зиёд шуд) расид.

Ҳамчунин «Барқи тоҷик» ба ҶСК «Ориёнбонк» ва нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» низ маблағҳои зиёд қарздор мебошад. Аз андозу маблағҳои харидории ангишту дигар навъи сӯзишворӣ низ қарздориҳо мавҷуданд.

Аввали соли гузашта ширкати «Барқи тоҷик» хабар дода буд, ки ҳаҷми қарзҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 11 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии қарздориҳои ширкати «Барқи тоҷик» аз 14,7 млрд. сомонӣ (беш аз 1,6 млрд. доллар) зиёдтар шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.