Шаҳрдории пойтахт комиссияи татбиқи қонуни забони давлатиро таъсис дод

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи таъсис додани Комиссия оид ба татбиқи қонун «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, комиссияи мазкурро муовини раиси пойтахт Мавсума Муинӣ ба роҳбарӣ гирифтааст. Комиссия мувофиқи ваколатҳои […]

Наим Халимов

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи таъсис додани Комиссия оид ба татбиқи қонун «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, комиссияи мазкурро муовини раиси пойтахт Мавсума Муинӣ ба роҳбарӣ гирифтааст.

Комиссия мувофиқи ваколатҳои худ, ки дар Муқаррарот оид ба фаъолияти он зикр шудааст, риояи меъёру тартиботи амалисозии қонуни мазкурро назорат мекунад.

Конун «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» дар таҳрири нав, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ба донистани забони давлатӣ уҳдадор мекунад, аввали моҳи октябри соли 2009 қабул шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ, соли 2016 доир ба риоя нашудани меъёрҳои қонун дар бораи забони давлатӣ 59 парвандаи маъмурӣ баррасӣ шуда, ҳаҷми умумии ҷарима барои он 45,66 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми ҷаримаи риоя накарадани меъёрҳои ин қонун барои шахсони воқеӣ – аз 15 то 20 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳандаи ҳисоб – 50 сомонӣ) ва шахсони ҳуқуқӣ – аз 30 то 40 нишондиҳандаи ҳисоб муқаррар шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.