Ирсоли парвандаи корманди ШВКД ноҳияи Дӯстӣ ба баррасии суд

Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтишоти пешакии парванда нисбати корманди Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадулло Идиевро ба итмом расонида, ҷиҳати баррасӣ ба суди вилояти Хатлон ирсол намуд. Тавре як манбаъ аз суди вилояти Хатлон хабар дод, парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели марги сокини 50-солаи ноҳияи Шаҳритӯс Толибҷон Дӯстов баъди боздошташ аз ҷониби кормнадони ШВКД ноҳияи Дӯстӣ […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтишоти пешакии парванда нисбати корманди Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадулло Идиевро ба итмом расонида, ҷиҳати баррасӣ ба суди вилояти Хатлон ирсол намуд.

Тавре як манбаъ аз суди вилояти Хатлон хабар дод, парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели марги сокини 50-солаи ноҳияи Шаҳритӯс Толибҷон Дӯстов баъди боздошташ аз ҷониби кормнадони ШВКД ноҳияи Дӯстӣ ба суди вилоят пешниҳод шуда, мурофиаи аввал оид ба баррасии ин парванда санаи 6 феврал муқаррар шудааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли 2017 аз ҷониби Прокуратураи генералӣ оид ба ҳолати баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабии кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ бо моддаи 316 қисми 1 КҶ ҶТ пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди тафтиши пешакии он ба муфаттишони Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генерадии ҶТ вогузор шуд.

Наздикони Толибҷон Дӯстов исрор меварзанд, ки чун ӯ дар натиҷаи латукӯб аз ҷониби кормандони ШВКД фавтидааст, парванда бояд бо дастрасии моддаи 143 прим 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (шиканҷа) оғоз карда мешуд.

Сокини ноҳияи Шаҳритӯс Толибҷон Дӯстови 50-ола дарҳол баъди боздошт аз ҷониби корманони милитсия ҳалок шуд. Тибқи фарзияи расмӣ, мард аз бемории сактаи қалб аз олам даргузаштааст, вале хешовандони марҳум исрор меварзанд, ки ӯ бар асари зӯроварӣ ба ҳалокат расидааст.

Толибҷон Дӯстов рӯзи 26 июли соли гузашта дар яке аз қаҳвахонаҳои маркази ноҳияи Шаҳритӯс боздошт ва баъди гузашти чанд соат пайвандону наздикон дар бемористони ноҳияи Қабодиён ҷасади ӯро дарёфт кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.