Нахустин сафари расмии президенти нави Қирғизистон ба Тоҷикистон

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков имрӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафар бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Сафари расмии Жээнбеков, ки моҳи октябри соли гузашта президенти ин кишвар интихоб шуд, нахустин сафари сарвари давлати хориҷӣ соли равон ба Тоҷикистон аст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни сафар […]

Asia-Plus

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков имрӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафар бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Сафари расмии Жээнбеков, ки моҳи октябри соли гузашта президенти ин кишвар интихоб шуд, нахустин сафари сарвари давлати хориҷӣ соли равон ба Тоҷикистон аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни сафар Сооронбой Жээнбеков бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шахсони расмии воломақоми ҳукумати ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид мекунад.

Дар ин дидору гуфтушунидҳо масоили ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, амният, энергетика, нақлиёт, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ бар асоси дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ ва СААД мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Бино ба маълумоти Акипресс, дар гуфтушунидҳо ба масъалаҳои анҷоми аломатгузорӣ ва таъйири марзи давлатии кишварҳо, ҷараёни амалисозии лоиҳаи CASA-1000, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.