Ҳалокати 12 ҷангии зодаи Тоҷикистон аз ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон

Akhbor.com

Мақомоти низомии Афғонистон мегӯянд, бар асари ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Амрико дар ноҳияи Вардуҷ дар вилояти Бадахшони Афғонистон дастикам 12 ҷангии зодаи Тоҷикистон кушта шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» бо истинд ба хабаргузории «Фергана», аммо ҷунбиши Толибон ин хабарро рад карда, гуфтааст, дар Вардуҷ хонаҳои мардуми осоишта дучори бомбборон шудаанд ва касе аз ҷангиён осеб надидааст.

Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон хабар додааст, тайи ду рӯзи 5 ва 6 феврал бар асари ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Амрико дар ноҳияи Вардуҷи вилояти Бадахшон ду гуруҳи шашнафарии ҷангиён кушта шуданд.

Ҳамаи онҳо, ба гуфтаи Давлат Вазирӣ, зодагони Тоҷикистон мебошанд ва яке аз ин гуруҳҳо дар вақти ҳамлаи нерӯҳои Амрико савори мошине будаанд, ки силоҳу маводи тарканда мекашонд.

Паймони низомии НАТО, ки фармондеҳии нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистонро бар уҳда дорад, низ бо нашри як байни гуфтааст, ки нерӯҳои ҳавоии НАТО тайи ду рӯзи гузашта чандин макони таҷаммӯи ҷангиён дар вилояти Бадахшонро ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Ба гуфтаи эътилоф, дар Бадахшон ҷангиёни ҷунбиши Толибон ва зархаридон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифтаанд.

Иттилои аз ин бештаре дар бораи шахсияти зодагони кушташудаи Тоҷикистон ва ба кадом гуруҳи чирикӣ тааллуқ доштани онҳо оварда нашудааст.

Як мақоми низомии Афғонистон бидуни бурдани номаш гуфтааст, ки макони таҷаммӯи ҷангиён дар ноҳияи Вардуҷро бо кумаки аксҳое, ки худи ҷангиён дар Интернет гузошта буданд, муайян кардаанд. Дар он аксҳо, ки дар сомонаҳои марбут ба Толибон нашр шуд, дида мешуд, ки ҷангиёни толиб ҳамроҳ бо ҷангиёни хориҷӣ дар як минтақаи кӯҳистонии пурбарф машғули тамрини ҷангӣ мебошанд.

Ва аммо ҷунбиши Толибон гузоришҳои нашршуда дар бораи кушта шудани афродаш дар Вардуҷро рад мекунад. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон аз тариқи WhatsApp ба матбуот хабар додааст, ки дар ин минтақаи вилояти Бадахшон хонаҳои мардуми осоишта дучори ҳамлаи ҳавоӣ шуда, як мошини сабукрав, як мошини маводи сӯхт ва чанд дӯкон тахриб шудааст. Муҳоҷид иддао мекунад, ки ягон ҷангӣ дар ин ҳамлаҳо осеб надидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.