Ванҷ: захмишавии чанд нафар дар маросими дафн

Зимни маросими дафн дар ноҳияи Ванҷ муноқишаи оилавӣ рух дод, ки бо кордкашӣ анҷом пазируфт. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба гумони даст доштан дар ин амали ҷинояткорона кормандони милитсия марди 41-солаи сокини деҳаи Ускероғи ноҳияро дастгир кардаанд. «Номбурда ҳангоми маросими дафни бародараш, марди 63-солаи сокини ноҳияи Ванҷ, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо […]

Asia-Plus

Зимни маросими дафн дар ноҳияи Ванҷ муноқишаи оилавӣ рух дод, ки бо кордкашӣ анҷом пазируфт.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба гумони даст доштан дар ин амали ҷинояткорона кормандони милитсия марди 41-солаи сокини деҳаи Ускероғи ноҳияро дастгир кардаанд.

«Номбурда ҳангоми маросими дафни бародараш, марди 63-солаи сокини ноҳияи Ванҷ, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо писарони амакаш, мардони 28 ва 25-сола ва апааш зани 54-сола ҷангу ҷанҷол карда, сипас, бо корд ба бадани онҳо якчанд маротиба задааст», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон то охири ҳафта борону селҳо пешбинӣ шудааст

Фардо пойтахтро борон фаро гирифта, давоми ду рӯз идома меёбад

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.