Дар ВКХ Россия таҳкими пойгоҳҳои низомӣ дар ОМ-ро шарҳ доданд

tojiki

Русия ҳамроҳи иттифоқчиёнаш дар СААД ва ИДМ барои муқовимат бо хатари воридшавии террористон аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар мусоҳиба ба РИА Новости намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Александ Стерник дар ин робита изҳор доштааст, ки тадбирҳои то имрӯз андешида, аз ҷумла таъсиси низоми минтақавии таъмини амният дар сарҳад барои орому осуда нигоҳ доштани минтақа кофӣ аст.

«Ба иллати вазъ дар Афғонистон самти ҷануб барои мо ҳамеша ҳассос боқӣ мемонад. Ҳозир боз мебояд ба он ҷо омадани ҷангиёнро баъди шикасташон дар Ироқу Сурия бояд ба инобат гирифт. Дар доираи СААД ва ИДМ мо ҳамеша бо шарикон дар ин самт чораҷӯӣ мекунем. Амнияти сарҳад пурзӯр шуда, имконоти сохторҳои қудратӣ тақвият меёбанд. Аслиҳаву муҳимоти қувваҳои мусаллаҳи шарикон таҷдиду навсозӣ мешавад, кадрҳои дахлдор тайёр карда мешаванд», – иброз доштааст ӯ.

Ба қавли номбурда, пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба дастгирии нерӯҳои ҳукумат дар қитъаҳои бештар хатарноки сарҳад омода буда, имконоти пойгоҳи авиатсионӣ дар Қирғизистон тақвият дода шудааст.

«Дар ин росто солиму гарм шудани муносибатҳо миёни кишварҳои водии Фарғона – Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ таъсири муссбат мерасонад. Қаблан зимни носозиҳо миёни ин сегона, ифротгароён аз он ба мақсадҳои нопоки худ истифода карда метавонистанд. Имрӯз ба туфайли хуб шудани муносибатҳои Тошканд бо Бишкеку Душанбе, ин хатарҳо ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтанд», – афзудааст ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.