Боз як рекорди нави Тоҷикистон дар истеҳсоли тилло

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли 2017 дар Тоҷикистон оид ба ҳаҷми истеҳсоли тилло рекори нав гузошта шуд – 5,5 тонна.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки ҳамаи тиллои соли гузашта истеҳсолшударо Бонки миллии Тоҷикистон харидааст.

Бино ба гуфтаи Бобозода, нисбат ба соли 2016 ҳаҷми афзоиши истеҳсоли тилло дар соли 2017 – 11,2 фоизро ташкил додааст.

Вазир қайд кард, ки давоми соли ҷорӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли тилло ба андозаи 20 фоиз ба нақша гирифта шуда, аз ин бармеояд, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ 6,6 тонна металли рақами 1 истеҳсол хоҳад шуд.

«Тайи чор соли охир суръати афзоиши истеҳсоли тилло ба ҳисоби миёна зиёда аз 20 фоизро ташкил дод, яъне дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ин металли гаронбаҳо аз 2 то ба 5,5 тонна расонида шуд», – иброз дошт ӯ.

Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии 5 тонна тилло ва 3,2 тонна нуқра истеҳсол шуда, дар муқоиса бо соли 2015 ҳаҷми истихроҷи тилло – 500 кило ва нуқра – 200 кило зиёд шуд.

Дар назар аст, ки аз ҳисоби мавриди истифода қарор додани иқтидорҳои нав соли 2022 ҳаҷми солонаи истихроҷи тилло дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 7 баробар афзуда мешавад, яъне агар соли 2012 каме бештар аз 2,4 тонна металли №1 истеҳсол шуда бошад, пас соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли онро то ба 16,8 тонна расониданианд.

Дар Вазорати саноат бар ин назаранд, ки барои афзоиши ҳаҷми истихроҷи тилло аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои бузург дар конҳои Таррор, Чоре, Пакрут ва ғайра дар ҷумҳурӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

«Тоҷикистон захираҳои бойи тилло дорад, – таъкид доштанд дар ин ниҳод. – Дороиҳои тиллои Тоҷикистон аз 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ иборат аст».

Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо – КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.