Парлумон акнун бо мардум мустақиман дар робита мешавад

Палатаи поёнии парлумон ҷиҳати робитаи мустақим бо аҳолӣ гӯшаи  «Равзанаи Парлумон» роҳандозӣ мекунад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, «Равзанаи Парлумон» нишонаи электронии худро дошта ([email protected]),  шаҳрвандон метавонанд аз тариқи ин почтаи электронӣ  ва телефонҳо 221-68-16, 221-13-78,  221-11 -43, 221-11-71 саволу дархостҳои худро ба Маҷлиси намояндагон ирсол намоянд. Гуфта мешавад, саволу […]

Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумон ҷиҳати робитаи мустақим бо аҳолӣ гӯшаи  «Равзанаи Парлумон» роҳандозӣ мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, «Равзанаи Парлумон» нишонаи электронии худро дошта ([email protected]),  шаҳрвандон метавонанд аз тариқи ин почтаи электронӣ  ва телефонҳо 221-68-16, 221-13-78,  221-11 -43, 221-11-71 саволу дархостҳои худро ба Маҷлиси намояндагон ирсол намоянд.

Гуфта мешавад, саволу дархостҳои шаҳрвандон ҳамарӯза аз ҷониби кормандони котиботи роҳбарият,  шуъбаи матбуот, шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба кумитаву комиссияҳо  ва дигар шуъбаҳои дахлдор барои баррасӣ супорида, онро таҳти назорат қарор медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки пас аз омӯзиш ва баррасии муроҷиатҳо саволу  дархостҳои шаҳрвандон бо зикри ному насаб ва суроғаи  мушаххаси  муроҷиаткунанда  нахуст ба шаҳрванд ва баъдан дар нашрияҳои зикршуда ба нашр расонида мешавад.

Мувофиқи нақша, пас аз омӯзиши марҳилаи аввали фаъолияти ин гӯшаи  «Равзанаи Парлумон», иқдоми мазкур метавонад  дар расонаҳои дигари давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ низ ба роҳ монда шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.