Гузаргоҳи марзии «Қӯштегирмон» ҳам ба фаъолият шурӯъ кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз як гузаргоҳи марзӣ – «Қӯштегирмон» дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба кор даромад. Он чанд рӯз пеш ба фаъолият оғоз намуда, лекин мақомоти расмӣ ба ВАО дар ин бора хабар надоданд.

Ҳамин тариқ, айни замон барои равуои шаҳрвандон ва қисман воситаҳои нақлиёт байни Тоҷикистону Ӯзбекистон чор гузаргоҳи марзӣ бо мақоми байнулмилалӣ амал мекунанд: «Дӯстӣ» дар шаҳри Турсунзода, «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳ, «Патар» дар шаҳри Конибодом ва «Қӯштегирмон» дар ноҳияи Спитамен. Ду гузаргоҳи дар охир зикршуда чад рӯз қабл ифтитоҳ шуданд.

Ғайр аз ин, имрӯз барои ҳаракати қатора ду гузаргоҳи роҳи оҳан низ дар самти шаҳрҳои Турсунзода ва Конибодом фаъолият доранд.

Тасмим гирифта шудааст, ки дар остонаи ҷашни Наврӯз гузаргоҳи байнулмилалии назоратии 8 сол қабл басташудаи Панҷакент – Самарқанд низ ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Раводид алҳол бекор нашудааст

Дар ҳамин ҳол, маълумоте чанде аз ВАО дар бораи иҷозати Ӯзбекистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон ба гузаштани марз бидуни раводид асоси воқеӣ надорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Тариқи чор гузаргоҳи амалкунанда шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар минтақаи наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, бидуни раводид танҳо дар муддати 5 рӯз ҳузур дошта метавонанд ва боз дар қаламрави кишвари ҳамсоя аз 30 километр бештар ба дохили он рафта наметавонистанд.

«Аммо ахиран марзбонон ба гузаштани сарҳад бидуни раводид танҳо ба онҳое иҷозат медоданд, ки дар дасташон барқияи аз ҷониби ҳукумат тасдиқшудаи даъват ба тӯй ё маросими азоро доштанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз сарҳадбонони тоҷику ӯзбек аз сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ҳеҷ гуна барқия талаб намкунанд.

Хотиррасон шуд, ки зимни сафари қариблувуқӯъи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон имзои созишнома «Дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандон» миёни кишварҳо дар назар аст, ки мувофиқи он шаҳрвандони кишварҳо бидуни дарёфти раводид муддати як моҳ дар қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳузур дошта метавонанд.

Қайд шуд, ки дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки 10 январи соли равон дар Душанбе доир гардид, ҷонибҳо дар бораи баргузории машваратҳо бобати барқарор кардани фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ байни давлатҳо тавофуқ ҳосил карданд.

Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.

Чортои онҳо гузаргоҳҳои наклиёти роҳи оҳан мебошанд. Дар вилояти Суғд 12 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон мавҷуд буда, боқимонда дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷойгир мебошанд.

Қобили зикр аст, ки аксари гузаргоҳҳо солҳои ба сардӣ гароидани муносибатҳои давлатҳо, замони сари мансаб қарор доштани собиқ президенти даргузаштаи ин кишвар Ислом Каримов аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.