Намоишгоҳи асарҳои рассомони Тоҷикистон дар Женева

Дар қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) дар Женева намоишгоҳи асарҳои рассомони Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, намоишгоҳ бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун "Соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ" дар Тоҷикистон аз ҷониби Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил шудааст. […]

Asia-Plus

Дар қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) дар Женева намоишгоҳи асарҳои рассомони Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, намоишгоҳ бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун "Соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ" дар Тоҷикистон аз ҷониби Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил шудааст.

Гуфта мешавад, дар корҳои ташкилу тадорукоти намоишгоҳ ҳамчунин Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон низ саҳм гирифтааст.

Дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ директори генералии СУМЗ, Фрэнсис Гарри, инчунин намояндагони ҳайати дипломатии кишвари иқомат ва роҳбарияти ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ба меҳмонон оид ба фарҳанги бойи Тоҷикистон маълумот дода шуда, инчунин маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ пешкаш гардид.

Тавре аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар доданд, дар намоишгоҳ асарҳои академики Академияи рассомии ҶТ, Арбоби шоистаи Тоҷикистон Акмал Миршакар, рассомон, Ходимони шоистаи ҷумҳурӣ Анвар Сайфиддинов, Фаррух Хоҷаев, Мизроб Холов, Юсуфҷон Сангов, Беҳрӯз Забиров, Пайрав Гулова, Эраҷ Олимов, Каримҷон Наҷмиддинов, Мамадкарима Рақибов ва ҳамчунин офаридаҳои кандаккорӣ дар чӯби Абдутолиб Ҳайдаров ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.