Тоҷикистон ба Ӯзбекистон чӣ навъ маҳсулот фурӯхта метавонад?

Тоҷикистон ба Ӯзбекистон номгӯи маҳсулоти содиротии худро пешниҳод намуд, ки асосан аз ашёи хом иборат аст. «Айни замон гурӯҳи кории ду кишвар дар самти роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши саноат амал карда, дар доираи он мо ба шариконамон номгӯи маҳсулоти саноатии содиротии Тоҷикистонро пешниҳод намудем» – хабар дод зимни нишасти хабарӣ вазири саноат ва технологияҳои нави […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон ба Ӯзбекистон номгӯи маҳсулоти содиротии худро пешниҳод намуд, ки асосан аз ашёи хом иборат аст.

«Айни замон гурӯҳи кории ду кишвар дар самти роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши саноат амал карда, дар доираи он мо ба шариконамон номгӯи маҳсулоти саноатии содиротии Тоҷикистонро пешниҳод намудем» – хабар дод зимни нишасти хабарӣ вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода.

Ба гуфтаи ӯ, ба ин номгӯй аз ҷумла алюминии аввалия, маъдан, нахи пахта, нерӯи барқ, семент, чарми хом, пилла, нахи абрешим, матоъҳои гуногун, мева ва хушкмева, машрубот, қолинҳо ва ғайра дохил аст.

Вазири саноат қайд кард, ки соли гузашта ҳаҷми содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон қариб ба ҳаҷми воридот аз Ӯзбекистон баробар шудааст.

Тибқи маълумоти расмии оморӣ, соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 82 фоиз афзуда, 126 млн. долларро ташкил дод.

Дар сохтори ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо 69 млн. доллар ба воридоти маҳсулот аз Ӯзбекистон ва 57 млн. доллар ба содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.