Шумори заҳролудшудагон аз орд дар Ишкошим ба 34 нафар расид

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистн изҳор медорад, ки айни замон 34 нафар бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар бемористон бистарианд. Қаблан дар бораи 19 тан аз заҳролудшудагон хабар расида буд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳамаи 160 нафар сокинони ноҳияи Ишкошим бо мусоидати Вазорат ва ҷалби мутахассисони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ноҳия […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистн изҳор медорад, ки айни замон 34 нафар бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар бемористон бистарианд. Қаблан дар бораи 19 тан аз заҳролудшудагон хабар расида буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳамаи 160 нафар сокинони ноҳияи Ишкошим бо мусоидати Вазорат ва ҷалби мутахассисони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ноҳия аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.

«Аз ин шумор имрӯз 12 нафар кӯдакон ва 22 тан аз калонсолон дар бемористон бистарӣ шуданд. Миёни онҳо Наврӯзмоҳ Раҳматоваи 23-сола низ ҳузур дорад, ки дар ҳафтаи 17-18-уми ҳомиладорӣ мебошад ва зери назорати махсуси табибону мутахассисон қарор дорад», – гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба Насрингул Некӯшоева, сардори Раёсати тандурустии вилояти Бадахшон, шумораи заҳролудшудаҳо дар ноҳияи Ишкошим аз рустании "гелиотроп" дар таркиби гандум ба 39 нафар расид.

Ёдрас мекунем, ки сокинони ду деҳаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ аз орди гандуме, ки соҳибкори маҳаллӣ аз ноҳияи Ҳамадонӣ овардааст, заҳролуд шуданд. Баъдан маълум шудааст, ки дар таркиби гандум растании заҳролуд – гелиотроп мавҷуд будааст.

Гурӯҳи кории бо дастури раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ташкилшуда, дар ноҳияи Ишкошим сабабҳои заҳролудшавии одамонро муайн карда, санаи 9 феврал раиси вилоят гурӯҳи мутахассион аз Вазорати тандурустиро қабул кардааст, ки барои муолиҷаи сокинони заҳролудшудаи Ишкошим омадаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.