Парлумон акнун бо мардум мустақиман дар робита мешавад

Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумон ҷиҳати робитаи мустақим бо аҳолӣ гӯшаи  «Равзанаи Парлумон» роҳандозӣ мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, «Равзанаи Парлумон» нишонаи электронии худро дошта ([email protected]),  шаҳрвандон метавонанд аз тариқи ин почтаи электронӣ  ва телефонҳо 221-68-16, 221-13-78,  221-11 -43, 221-11-71 саволу дархостҳои худро ба Маҷлиси намояндагон ирсол намоянд.

Гуфта мешавад, саволу дархостҳои шаҳрвандон ҳамарӯза аз ҷониби кормандони котиботи роҳбарият,  шуъбаи матбуот, шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба кумитаву комиссияҳо  ва дигар шуъбаҳои дахлдор барои баррасӣ супорида, онро таҳти назорат қарор медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки пас аз омӯзиш ва баррасии муроҷиатҳо саволу  дархостҳои шаҳрвандон бо зикри ному насаб ва суроғаи  мушаххаси  муроҷиаткунанда  нахуст ба шаҳрванд ва баъдан дар нашрияҳои зикршуда ба нашр расонида мешавад.

Мувофиқи нақша, пас аз омӯзиши марҳилаи аввали фаъолияти ин гӯшаи  «Равзанаи Парлумон», иқдоми мазкур метавонад  дар расонаҳои дигари давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ низ ба роҳ монда шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.