Кормандони милитсия барои «шантаж»-и ҳамҷинсгаро ба даст афтоданд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Се корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои таҳдид (шантаж) ва тамаъҷӯӣ боздошт шуданд: онҳо бо таҳдиди оғози парвандаи ҷиноӣ аз намояндаи ақалиятҳои ҷинсӣ пул тамаъҷӯӣ кардаанд. Онҳо аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод охири ҳафтаи гузашта боздошт шудаанд. Котиби матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷуҳурӣ Фаромарз Раҳмонзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита […]

Се корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои таҳдид (шантаж) ва тамаъҷӯӣ боздошт шуданд: онҳо бо таҳдиди оғози парвандаи ҷиноӣ аз намояндаи ақалиятҳои ҷинсӣ пул тамаъҷӯӣ кардаанд. Онҳо аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод охири ҳафтаи гузашта боздошт шудаанд.

Котиби матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷуҳурӣ Фаромарз Раҳмонзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки майори милитсия Шоҳрамазон Боронов, капитанҳо Нарзуллои Асламзода ва Оятулло Сайфиддинов ва як шахсе бо номи Диловар Мирзоев ҳангоми гирифтани 3 ҳазор сомонӣ аз як марди ҳамҷинсгаро (гей) дастгир шудаанд.

«Онҳо аз ӯ аввал 2 ҳазор сомонӣ гирифта, онро байни худ тақсим мекунанд ва боз 3 ҳазор сомонии дигар талаб карда, вақти гирифтани ин пулҳо аз ҷониби кормандони Агентӣ боздошт шуданд», – гуфт котиби матбуотии Агентӣ.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи ин далел нисбати кормандони ВКД Тоҷикистон бар асоси моддаҳои «тамаъҷӯӣ» ва «таҳдид»-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...