Манъи хушк кардани либосҳо дар балконҳо барои сокинони ноҳияи Сино

Ҳукумати ноҳияи Сино аҳолиро дар бораи манъи хушк кардани либосҳо дар балкону тирезаҳо огоҳ кардааст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ноҳия хабар доданд, талаботи қонун дар бораи мақоми пойтахт чунин буда, барои риоя накардани ин дастур дар ҳаҷми то 2 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст. Намояндагони Кумитаи манзилҳо сокинонро огоҳ мекунанд, ки ҳамаи сохторҳо барои […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ҳукумати ноҳияи Сино аҳолиро дар бораи манъи хушк кардани либосҳо дар балкону тирезаҳо огоҳ кардааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ноҳия хабар доданд, талаботи қонун дар бораи мақоми пойтахт чунин буда, барои риоя накардани ин дастур дар ҳаҷми то 2 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст.

Намояндагони Кумитаи манзилҳо сокинонро огоҳ мекунанд, ки ҳамаи сохторҳо барои хушк кардани либосҳоро, ки аз балкон ба дарахтону ё балкони хонаи дигар гузаронида шудаанд, баркананд.

Аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти ноҳия ба сокинон пешниҳод кардаанд, ки либосҳоро дар дохили манзил ё ҳавлии хонаҳо хушк кунанд. Дар дигар ноҳияҳо содир шудани чунин дастур алҳол маълум нест.

Қаблан «Азия-Плюс» дар бораи ҳаёти рӯзмарраи чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла ҳаёти сокинони ноҳияи Сино гузориши видеоӣ таҳия намуда буд. Соҳибхоназанҳо ин ҷо тамоми рӯз дар танӯрҳо нон пухта, беохир ба шустани гилемҳо машғуланд.

Шумо метавонед дар бораи ҳаёти рӯзмарраи сокинони ноҳияҳои Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ низ гузориши видеоӣ тамошо кунед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.