Қариб 17%-и барқ соли 2017 аз арзиши аслиаш 2 баробар кам фурӯхта шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) соли гузашта 16,5 фоиз аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи истеҳсолшударо дар воҳидҳои зертобеъи «Барқи тоҷик» истифода кардааст. «ТАЛКО соли гузашта 2 млрд. 533,3 млн. кВт/соат нерӯи барқ гирифт, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 – 412,2 млн. кВт/соат камтар аст», – хабар дод раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода зимни нишасти […]

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) соли гузашта 16,5 фоиз аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи истеҳсолшударо дар воҳидҳои зертобеъи «Барқи тоҷик» истифода кардааст.

«ТАЛКО соли гузашта 2 млрд. 533,3 млн. кВт/соат нерӯи барқ гирифт, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 – 412,2 млн. кВт/соат камтар аст», – хабар дод раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода зимни нишасти хабарӣ.

Соли 2016 корхонаи алюминии Тоҷикистон 2 млрд. 945,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода карда буд.

Ӯ қайд кард, ки соли 2017 ҳаҷми умумии нерӯи барқи истеҳсолшуда аз ҷониби воҳидҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик» 15 млрд. 359,1 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 2016 – 955,8 млн. кВт/соат зиёдтар мебошад.

Ҳамин тариқ, аз ҳаҷми умумии нерӯи истеҳсолкардаи корхонаҳои «Барқи тоҷик» ТАЛКО соли 2017 – 16,5 фоиз ва соли 2016 – 20,4 фоизашро истифода кардааст.

Тарифи нерӯи барқ барои ТАЛКО аз 1 май то 30 сентябр 7,20 дирам барои 1 квт/соат ва мавсими зимистон (аз1 октябр то 30 апрел) – 11,80 дирамро ташкил медиҳад. Барои аҳолӣ айни замон 1 кВт/соат нерӯи барқ 16,85 дирам арзиш дорад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», соли гузашта арзиши аслии 1 кВт/соат нерӯи барқ 17,8 дирам ва тарифи миёна – 15,9 дирамро ташкил додааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.