Агентии зиддифасод: шахси ба Нурализода пора пешниҳодкарда зери ҳимояи қонун аст

Шахсе, ки ба собиқ сардори яке аз Сарраёсатҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Аскар Нурализода ба маблағи ним миллион доллар пора пешниҳод кард, зери ҳимояи қонунҳои ҷумҳурӣ қарор дорад. Дар ин бора имрӯз ба «Азия-Плюс» муовини роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Илёс Идрисзода хабар дод. Ӯ таъкид дошт, ки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шахсе, ки ба собиқ сардори яке аз Сарраёсатҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Аскар Нурализода ба маблағи ним миллион доллар пора пешниҳод кард, зери ҳимояи қонунҳои ҷумҳурӣ қарор дорад.

Дар ин бора имрӯз ба «Азия-Плюс» муовини роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Илёс Идрисзода хабар дод.

Ӯ таъкид дошт, ки мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, агар шахсеро, ки ба пора додан маҷбур созанду ӯ ихтиёрӣ дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳад, пас ӯ аз ҷавобгарӣ озод шуда, зери ҳимояи меъёрҳои қонун қарор мегирад.

Ба қавли номбурда, Аскар Нурализода, ба ворид кардани банди рушди парандапарварӣ дар ноҳияи Балхӣ ба Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои солҳои 2016-2020 фурсат наёфта, бо ин сабаб пора талаб кардааст.

Идрисзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли 2017 аз рӯи далелҳои пешниҳоди пора 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки ба мақомот дар бораи аз ҷониби сохторҳои гуногун талаб шудани пора аз онҳо хабар надодаанд.

Ба гунаи мисол ӯ хотиррасон намуд, ки роҳбари филиали БДА «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода барои он боздошт шудааст, ки ба корманди Агентии зиддифасод ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ пора пешниҳод кард.

Ёдрас мекунем, ки суди ноҳияи Сино Аскар Нурализодаро ба иттиҳоми якчанд далели порагирӣ ба 11 соли зиндони низомаш шадид ва маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти давлатӣ ба муҳлати 5 сол маҳкум кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.