Кӯлоб: ҳалокати наврас зери чархи автомашинаи муфаттиш

Навраси 15-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки аз роҳ мегузашт, зери чархи автомашинаи муфаттиши Раёсати ВКД шаҳри Кӯлоб монд. Суръати ҳаракати автомашина баланд буда, баъди пахши наврас боз 15-20 метр ӯро бо худ кашола карда бурдааст. Дар натиҷа наврас дар бемористон ҳалок шудааст. Дар прокуратураи шаҳри Кӯлоб ин маълумотро тасдиқ намуда, хабар доданд, ки ин ҳодисаи […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Навраси 15-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки аз роҳ мегузашт, зери чархи автомашинаи муфаттиши Раёсати ВКД шаҳри Кӯлоб монд.

Суръати ҳаракати автомашина баланд буда, баъди пахши наврас боз 15-20 метр ӯро бо худ кашола карда бурдааст. Дар натиҷа наврас дар бемористон ҳалок шудааст.

Дар прокуратураи шаҳри Кӯлоб ин маълумотро тасдиқ намуда, хабар доданд, ки ин ҳодисаи фоҷеабор шаби 13 феврал назди терминали Кӯлоб-Восеъ рух додааст.

«Автомашинаро муфаттиши Раёсати ВКД дар шаҳри Кӯлоб Саидмӯмин Исломов идора мекард. Ӯ бо автомашинааш сокини 15-солаи шаҳри Кӯлоб, хонандаи мактаби №6 Фирдавс Ҳалимовро паххш кардааст», – гуфт манбаъ.

«Тафтиши парванда аз рӯи далели ҳодисаи садамаи нақлиёт махфӣ буда, мо дар бораи боз шудан ё нашудани парвандаи ҷиноӣ маъулмот намедиҳем. Ҳамчунин доир ба дар ҳабс ё дар озодӣ қарор доштани Саидмумин Исломв низ маълумот пешниҳод намекунем. Парванда махфӣ аст», – айнан гуфтанд дар прокуратураи шаҳри Кӯлоб.

Қобили зикр аст, ки ҳам дар Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳам дар Прокуратураи генералӣ аз шарҳи ин маълумот худдорӣ варзиданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба Абдулазиз Азизов, амаки Фирдавс, соати 1-и шаб ӯро чанд нафар омада хабардор карданд, ки ҷиянашро мошин зер кардааст.

«Дар бадани кӯдаконам донача баромада буд. Гуфтам, ки аз дорухона спирт биорад, то бимолем. Соати 1-шаб ду-се нафар омада, хабар карданд, ки ҷиянатонро мошин зад. Тамоми аъзои баданаш, аз ҷумла сар, шикаста буд. Аз даҳону бинияш хун рехта буд. Аммо аз нафаре, ки зада буд, ҳеч нишоне набуд», – гуфтааст ӯ.

Ба иттилои манбаъ, масъулони прокуратураи шаҳри Кӯлоб сарусадо дар бораи гӯё маст будани капитан Саъидмӯъмин Исломовро ҳангоми ҳодиса рад кардаанд. «Капитан Исломов баъди ба бемористон расондани Фирдавс ба ҷои кори худ дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб рафта, субҳ мақомоти тафтишотӣ ӯро аз ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ гузарондаанд», – гуфтааст яке аз кормандони прокуратура.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.