Бозпурсии мансабдорони Вазорати молия дар доираи тафтиши парвандаи «Умед-88»

Дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати муассиси ширкати таъмини сӯзившории «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ва директори ширкат Идибек Ибрагимов, ки нимаи моҳи октябри соли гузашта оғоз гардида буд, мансабдорони Вазораи молияи Тоҷикистон бозпурсӣ мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» муовини роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати муассиси ширкати таъмини сӯзившории «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ва директори ширкат Идибек Ибрагимов, ки нимаи моҳи октябри соли гузашта оғоз гардида буд, мансабдорони Вазораи молияи Тоҷикистон бозпурсӣ мешаванд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» муовини роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Илёс Идрисзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни тафтишот дар воҳидҳои дахлдори Вазорати молия якчанд тафтишҳо гузаронида шуда, боз санҷишҳои минбаъда низ дар назар аст. Ӯ аз номбар кардани ному насаби мансабдорони дар Агентӣ бозпурсишуда худдорӣ намуд.

Дар ҳамин ҳол, муовини аввали роҳбари Агентии зиддифасод Абдукарим Зарифзода дар мавриди ин масъала ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» посух дод, ки айни замон аз ҳабс озод кардани Одинаев ва Ибрагимов ғайриимкон аст.

«Онҳо ба баргардонидани қарз ба Вазорати молия дар ҳаҷми 171 млн. сомонӣ ҳанӯз охири соли 2015 уҳдадор шуда буданд, лекин то имрӯз қарз баргардонида нашудааст», – қайд кард Зарифзода.

Ӯ таъкид дошт, ки айни замон 69 иншооти мутааллиқ ба ширкати «Умед-88» ба фурӯш гузошта шудааст.

«Ҳам роҳбарони дар ҳабс қарордоштаи ширкат ва ҳам хешовандони онҳо қарз ба маблағи 171 млн. сомониро ба давлат баргардонида метавонанд, ҳеҷ касе барои ин ба онҳо монеъа эҷод накардааст», – илова кард Зарифзода.

Қобили зикр аст, ки тафтиши парванда нисбати ширкати «Умед-88» 4 моҳ боз идома дорад. Раҳбарияти ширкат ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва дуздии қарзи давлатӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд гунаҳкор дониста мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.