Мурофиаи корманди ШВКД Дӯстӣ: милитсия муқобили табибон

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ исрор меварзанд, ки Дӯстови ҳанӯз зиндаро ба бемористон овардаанд, табибон акси ҳолро мегӯянд. Зимни мурофиаи навбатии судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати корманди ШВКД ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадулло Идиев, ки ба марги сокини 50-солаи ноҳияи Шаҳритӯс Толибҷон Дӯстов гумонбар дониста мешавад, кормандони ба сифати шоҳидон даъватшудаи шуъбаи милитсия изҳор […]

Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ исрор меварзанд, ки Дӯстови ҳанӯз зиндаро ба бемористон овардаанд, табибон акси ҳолро мегӯянд.

Зимни мурофиаи навбатии судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати корманди ШВКД ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадулло Идиев, ки ба марги сокини 50-солаи ноҳияи Шаҳритӯс Толибҷон Дӯстов гумонбар дониста мешавад, кормандони ба сифати шоҳидон даъватшудаи шуъбаи милитсия изҳор доштанд, ки замони ба бемористони ноҳияи Қабодиён овардан Дӯстов ҳанӯз зинда буд.

«Вақте мо Дӯстовро ба бемористон овардем, ӯ ҳанӯз зинда буд. Баъди боздошт ӯ дар дохили автомашина дар роҳ гуфт, ки дилаш бемору асту дору лозим аст ва мо ба бемористон роҳ пеш гирифтем. Мо валерианка ва боз як доруи дигар харидем. Вақте Дӯстовро ба ихтиёри табибон супурдем, ӯ зинда ва бо пойҳои худаш ба бемористон даромада, мо аз ду паҳлӯяш ӯро дошта будем. Баъди 20-25 дақиқа табибон ба мо гуфтанд, ки ӯ даргузашт», – хабар дод ба суд рӯзи 13 феврал муфаттиши ШВКД ноҳияи Дӯстӣ Валиҷон Хоҷаев.

Ба саволи айбдоркунандаи давлатӣ дар бораи истифода шудани қувва зимни боздошт, муфаттиш посух дод, ки «ҳеҷ гуна зӯроварие нисбати ӯ содир нашуда буд».

«Боздоштшуда оромона аз ошхона баромада, ба автомашина нишаст. Ҳолати Дӯстов муътадил буд ва дар рӯяш ҳеҷ осори захму лат дида намешуд», – қайд кард Хоҷаев.

Ин нишондоди ӯро боз чор корманди ШВКД ноҳияи Дӯстӣ, ки дар амалиёти боздошти Дӯстов иштирк доштанд, тасдиқ карданд.

Дар ҳамин ҳол, чор табиби шуъбаи эҳёгарии бемористони ноҳияи Кубодиён, ки ба сифати шоҳидон дар ин мурофиаи баёнот доданд, изҳор намуданд, ки вақте ки Дӯстов ба шуъбаи онҳо оварда шуд, ӯ зинда набуд.

«Вақте баъди маҷлис ман ба шуъба омадам, ҳамкоронам аллакай ба Дӯстов кумаки тиббии эҳёгарӣ мерасониданд. Ман набз ва кори дили Дӯстовро санҷидам. Мутаассифона, дар ӯ аломати зинда будан зоҳир намешуд. Табибон Зиёдалиев ва Маҳмадраҷабов, ки ҷиҳати ёрӣ ба Дӯстов машғул буданд, ба ман хабар доданд, ки Дӯстов дар ҳамин ҳолат ба шуъба оварда шудааст. Мо ҳама корҳои эҳёгарии заруриро анҷом додем, вале аз он чизе тағйир наёфт», – гуфт табиби эҳёгар Зулқайнар Турдиев ва ин нишондодҳои ӯро табибони дигар низ тасдиқ намуданд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи декбари соли 2017 Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ нисбати корманди Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ Маҳмаддуло Идиев мутобиқи моддаи 316, қ. 3 (баромадан аз ҳадди ваолктҳои мансабӣ) айбнома пешниҳод кард.

Сокини ноҳияи Шаҳритӯс Толибҷон Дӯстови 50-сола дарҳол баъди боздошт аз ҷониби кормандони милитсия ҳалок шуд. Тибқи фарзияи расмӣ, мард аз бемории сактаи қалб аз олам даргузаштааст, вале хешовандони марҳум исрор меварзанд, ки ӯ бар асари зӯроварӣ ба ҳалокат расидааст.

Толибҷон Дӯстов рӯзи 26 июли соли гузашта дар яке аз қаҳвахонаҳои маркази ноҳияи Шаҳритӯс боздошт ва баъди гузашти чанд соат пайвандону наздикон ҷасади ӯро дар бемористони ноҳияи Қабодиён дарёфт карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.