Анҷоми муваффақонаи гуфтушунидҳои марзии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз 7 то 16 феврали соли равон дар шаҳри Ҷиззахии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои таъйин (делимитатсия) ва аломатгузорӣ (демаркатсия)-и сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни музокирот, ки дар пешомади вохӯрии сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид, ҷонибҳо муайянсозии гузариши хати сарҳади […]

Аз 7 то 16 феврали соли равон дар шаҳри Ҷиззахии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои таъйин (делимитатсия) ва аломатгузорӣ (демаркатсия)-и сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни музокирот, ки дар пешомади вохӯрии сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид, ҷонибҳо муайянсозии гузариши хати сарҳади давлатиро дар қитъаҳои боқимондаи он идома доданд.

Зимнан зикр мегардад, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ гузашта, аз рӯи натиҷаҳои он Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои ҳукуматии Тоҷикистон хабар дод, аллакай мусаллам аст,  ки масъалаи аломатгузорӣ ва таъйини марзи давлатии кишварҳо зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баҳори соли равон ба Душанбе ниҳоӣ ҳаллу фасл мешавад.

Ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ, ки санаи 10 январ дар Душанбе доир гардиданд, пурсамару пурмазмун ва умедбахш сурат гирифтанд.

Дар мавриди масъалаи сарҳад ҷонибҳо тавофуқ ҳосил кардаанд, ки қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хизматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад.

Як манбаи «Азия-Плюс» имрӯз дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон Тошканду Душанбе дар масъалаи таъйин ва аломатгузори сарҳади давлатии кишварҳо комилан ба созиш расида, зимни сафари Мирзиёев ба Душанбе дар ин хусус созишнома ба имзо мерасад. Сипас онро парлумонҳои кишвар тасдиқ хоҳанд кард.

То соли 2002 ҷонибҳо 84% хати сарҳади байни давлатҳоро муайян карданд. Масофаи умумии марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...