Собиқ муовини сарвазири Ӯзбекистон сафири Тоҷикистон мешавад

Собиқ муовини сарвазири Ӯзбекистон Эргаш Шоисматов сафири нави Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мешавад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои дипломатии Тоҷикистон. Бино ба гуфтаи манбаъ, масъалаи таъини сафири нави Ӯзбекистон дар Душанбе миёни мақомоти расмии кишварҳо аллакай мувофиқа шудааст. Сафири нави Ӯзбекистон то сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки даҳаи аввали […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Собиқ муовини сарвазири Ӯзбекистон Эргаш Шоисматов сафири нави Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мешавад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои дипломатии Тоҷикистон.

Бино ба гуфтаи манбаъ, масъалаи таъини сафири нави Ӯзбекистон дар Душанбе миёни мақомоти расмии кишварҳо аллакай мувофиқа шудааст.

Сафири нави Ӯзбекистон то сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки даҳаи аввали моҳи март пешбинӣ шудааст, ба иҷрои вазифаҳои худ оғоз мекунад.

Дар ин вазифа ӯ Шоҳқосим Шоисломовро иваз мекунад, ки тайи 14 соли охир дар мансаби сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Шоисломов фаъолияташро акнун дар дастгоҳи президенти Ӯзбекистон дар бахши сиёсати хориҷӣ идома медиҳад.

Эргаш Шоисматов соли 1951 таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тошканд мебошад.

– аз соли 1996 то моҳи феврали соли 2001 – вазири энергетика ва электрификатсияи Ӯзбекистон;

– солҳои 2001-2006 – раиси Раёсати Ширкати давлатӣ-саҳҳомии «Ӯзбекэнерго», узви Шӯрои электроэнергетикии ИДМ;

– аз моҳи апрели соли 2006 то 13 июли соли 2010 – муовини сарвазир, масъул ба бахшҳои мошинсозӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, бахши нафту газ, геология, электроэнергетика, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ ҳамчунин соҳаи стандартикунонӣ ва метрологияи захираҳои давлатӣ ва сафарбарӣ;

– аз моҳи феврали соли 2014 – раиси Шӯрои ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи энергетика;

– аз моҳи декабри соли 2016 – раиси Раёсати «Uztransgaz».

Бо ордени «Меҳнат шуҳрати» (Шарафи меҳнатӣ) қадрдонӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.