Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи интернетро то ҳол муқаррар накардааст

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бинобар сабаби дар даст надоштани аризаи «Тоҷиктелеком" алҳол нархи интернетро муқаррар накардааст. Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) аз оғози сол аз оператори миллӣ бо нархи 51 ҳазор доллар барои як хати гигабитӣ интернет мехаранд. Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ Саъдӣ Қодирзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки оператори миллӣ […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бинобар сабаби дар даст надоштани аризаи «Тоҷиктелеком" алҳол нархи интернетро муқаррар накардааст.

Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) аз оғози сол аз оператори миллӣ бо нархи 51 ҳазор доллар барои як хати гигабитӣ интернет мехаранд.

Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ Саъдӣ Қодирзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки оператори миллӣ бояд ба интернете, ки ба провайдерон мефурӯшад, нарх муқаррар кунад, лекин аз «Тоҷиктелеком» ба Хадамот то ҳол дар ин бора ягон маълумоте нарасидааст.

Ба гуфтаи иштирокчиёни ин бозор, акнун ширкатҳои фароҳамсози интернет маҷбуранд, ки аз Тоҷиктелеком» бо нархи 51 ҳазор доллар барои гигабит бидуни назардошти ААИ интернет харанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан онҳо ин миқдор интернетро аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Чин яклухт бо нархи аз 10 то 20 ҳазор доллар мехариданд.

Қодмрзода зикр кард, ки Хадамоти зиддинҳисорӣ ба ширкатҳои мобилӣ ва фароҳамсози интернет дар робита ба мушкилоти мазкур ҷиҳати ибрози назарашон вобаста ба нархгузории он мактуб равона кардааст.

«Онҳо метавонанд ба мо далелҳои худро пешниҳод кунанд ва мо онҳоро баррасӣ мекунем», – қайд кард Қодирзода.

Ба савол дар бораи монополӣ будани амалҳои «Тоҷиктелеком» дар ин самт, Қодирзода посух дод, ки дар қатори 28 субъекти дигар «Тоҷиктелеком» аз соли 2010 дар рӯйхати Субъектҳои монополияҳои табиӣ қарор дорад ва амалҳои ӯ бо қонун «Дар бораи монополияҳои табиӣ» танзиму назорат мешавад.

Қобили зикр аст,ки ширкати миллии «Тоҷиктелеком», трафики интернетро байни ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон)-и Тоҷикистон ва операторони мобилӣ тақсим мекунад. «Тоҷиктелеком» аз соли нав мустақилона харидории интернетро ба провайдерон ва ширкатҳоии мобилӣ манъ кард.

Дар ҳамин ҳол, аз 1 ноябри соли 2017 «Тоҷиктелеком» арзиши интернетро барои муштариёни худ ба андозаи 20 фоиз поин бурд. Масалан, қаблан тарифи бидуни маҳдудият (бе лимит) 150 сомонӣ нарх дошта, ҳозир он бо арзиши 120 сомонӣ пешниҳод мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.