Равуои ҳавопаймову қатора ва автобусҳо байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистону Ӯзбекистон минбаъд ният доранд, ки байни шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Самарқанду Бухоро алоқаи мунтазами ҳавоӣ роҳандозӣ намоянд. «Масъалаи тавеъаи имконоти равуои мусофирон тариқи нақлиёт байни кишварҳо зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи январ дар Душанбе баррасӣ шуд», – иттилоъ дод зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода. Ӯ қайд […]

Тоҷикистону Ӯзбекистон минбаъд ният доранд, ки байни шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Самарқанду Бухоро алоқаи мунтазами ҳавоӣ роҳандозӣ намоянд.

«Масъалаи тавеъаи имконоти равуои мусофирон тариқи нақлиёт байни кишварҳо зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи январ дар Душанбе баррасӣ шуд», – иттилоъ дод зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода.

Ӯ қайд кард, ки аз моҳи апрели соли гузашта ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари»-и кишвари ҳамсоя  мунтазам тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе-Тошканд парвоз анҷом медиҳад.

Вазир хабар дод, ки дар вохӯрии моҳи январ дар пойтахти Тоҷикистон ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод кардааст, ки байни шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Самарқанду Бухоро хатсайри мунтазами ҳавоӣ ба роҳ монда шавад.

Ӯ таъкид дошт, ки ба монандаи хатсайри Душанбе – Тошканд дар ин маврид низ санади дахлдор омода гардидаааст, ки як қисмати таркибии созишномаи таҳияшуда дар бораи мусофиркашонӣ тариқи алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо хоҳад буд.

Ба гуфтаи Худоёрзода, нисбати созишнома тамоми расмиёти дохилии давлатӣ мувофиқа ва ба анҷом расида, он зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ба имзо мерасад.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин байни шаҳрҳои ҳарду кишвар боз кардани хатсайрҳои мусофиркашонии автомобилӣ низ дар назар аст, ки баъди имзои созишномаи дахлдори пешбинишуда зимни сафари президенти кишвари ҳамсоя ба нақша гирифта шудааст.

Дар идома вазири нақлиёти ҷумҳурӣ қайд кард, ки айни замон дар мавриди барқарор кардани алоқаи роҳи оҳан байни минтақаи ҷануби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

«Мо бо раҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» қисмати роҳи худро то сарҳад бо Ӯзбекистон аз назар гузаронидем. Айни замон дар ҷойҳое, ки ба таъмир ниёз доранд, корҳо рафта истодаанд. Ҷониби Ӯзбекистон низ ба барқарор кардани қисмати роҳи худ шурӯъ кард. Баъди анҷоми ин корҳо ҳаракати қатораҳо оғоз мегардад», – таъкид дошт ӯ.

Вазир илова намуд,ки барқарор шудани ҳаракати қатораҳо байни кишварҳо дар ин самт барои ҳарду ҷониб ва Афғонистон низ аҳамияти зиёд дошта, бо ин роҳ тариқи шаҳри Тирмиз аз Тоҷикистон бору маҳсулот, аз ҷумла семент интиқол дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷетро тасарруф кард”. Сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст

Додгоҳи ноҳияи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷа гумонзад мешуд, ба 11...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.