Беҳтарин тарабхонаҳои 4 ноҳияи Душанбе муайян шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз марҳилаи аввали озмуни беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе натиҷагирӣ шуд.

Комиссияи озмун, ки моҳи январи соли равон махсус таъсис ёфта буд, беҳтарин тарабхонаҳоро дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе номбар кард.

Аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – тарабхонаи «Бухоро», дар ноҳияи Шоҳмансур – тарабхонаи «Шарбат», дар ноҳияи Фирдавсӣ – тарабхонаи «Яккачинор» ва дар ноҳияи Сино – тарабхонаи меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» беҳтаринҳо дониста шудаанд.

Дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз миёни ин тарабхонаҳо комиссия беҳтарин тарабхонаи пойтахти Тоҷикистонро интихоб мекунад.

Тозагии қаламрави гирду атроф ва наздикии тарабхона, риояи тамоми меъёрҳои санитарӣ, таваққуфгоҳи автомашина бо посбонҳо, ҷойи қабули сарулибос, вазъи ҳоҷатҳонаҳо, мудом таъмин будан бо оби гарму хунук, мебели хушсифат, зарфу дастурхон, номгӯи зиёд ва гуногуни таъомҳо, сифати хӯрок, саҳна барои ҳунарнамоиву рақс, салқину софкуниии ҳарорат, ҳуҷраҳои алоҳида барои тамокукашӣ, толорҳои зиёфат ва ғайра аз ҷумлаи шартҳои озмун номбар шудаанд.

Маросими ҷамъбасти натиҷаҳои озмун дар остонаи ҷашни Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.