Беҳтарин тарабхонаҳои 4 ноҳияи Душанбе муайян шуд

Аз марҳилаи аввали озмуни беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе натиҷагирӣ шуд. Комиссияи озмун, ки моҳи январи соли равон махсус таъсис ёфта буд, беҳтарин тарабхонаҳоро дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе номбар кард. Аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – тарабхонаи «Бухоро», дар ноҳияи Шоҳмансур – тарабхонаи «Шарбат», дар ноҳияи Фирдавсӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз марҳилаи аввали озмуни беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе натиҷагирӣ шуд.

Комиссияи озмун, ки моҳи январи соли равон махсус таъсис ёфта буд, беҳтарин тарабхонаҳоро дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе номбар кард.

Аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – тарабхонаи «Бухоро», дар ноҳияи Шоҳмансур – тарабхонаи «Шарбат», дар ноҳияи Фирдавсӣ – тарабхонаи «Яккачинор» ва дар ноҳияи Сино – тарабхонаи меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» беҳтаринҳо дониста шудаанд.

Дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз миёни ин тарабхонаҳо комиссия беҳтарин тарабхонаи пойтахти Тоҷикистонро интихоб мекунад.

Тозагии қаламрави гирду атроф ва наздикии тарабхона, риояи тамоми меъёрҳои санитарӣ, таваққуфгоҳи автомашина бо посбонҳо, ҷойи қабули сарулибос, вазъи ҳоҷатҳонаҳо, мудом таъмин будан бо оби гарму хунук, мебели хушсифат, зарфу дастурхон, номгӯи зиёд ва гуногуни таъомҳо, сифати хӯрок, саҳна барои ҳунарнамоиву рақс, салқину софкуниии ҳарорат, ҳуҷраҳои алоҳида барои тамокукашӣ, толорҳои зиёфат ва ғайра аз ҷумлаи шартҳои озмун номбар шудаанд.

Маросими ҷамъбасти натиҷаҳои озмун дар остонаи ҷашни Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.