Бунёди меҳмонхонаҳои сари роҳ дар Тоҷикистон

Ҳайдар Шодиев

Соли гузашта 430 ҳазору 922 нафар сайёҳон аз Тоҷикистон боздид намуданд, ки дар қиёс бо соли 2016 ба андозаи 25,4 фоиз зиёдтар аст.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли 2018 дар Тоҷикистон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда, баҳри муваффақ гаштан ба дастовардҳо дар ин самт тамоми асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муҳайё ва чораҳои ҳавасмандсозӣ амалӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон ба кишвар барои иншооти сайёҳӣ аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ озод ва ширкатҳои сайёҳӣ низ муддати 5 соли фаъолияти худ аз пардохти андоз аз фоида озод шудаанд.

Ба гунаи мисол Нуъмон Абдуғаффорзода қайд кард, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон барои шаҳрвнадони 80 кишвари ҷаҳон низоми соддаи раводид ва шабакаи ягонаи элкетронӣ ҷорӣ шудааст.

Зикр гардид, ки айни замон Кумита дар ҳамдастӣ бо соҳибкорон ва ширкатҳои сайёҳӣ лоиҳаҳои зеринро мавриди омӯзишу таҳия қарор додааст:

– сохтмони меҳмонхонаи «Хонаи шикорчиён» дар ноҳияи Ховалинг;

– сохтмони осоишгоҳи муосир дар шаҳри Норак;

– сохтмони маҷмааҳои сайёҳӣ дар ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Ваҳдат;

– бунёди маҷмааи хизматгузории маишӣ барои сайёҳон дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара;

– таъсиси маркази хизматгузории нақлиётӣ, харидории автобусҳои сайёҳии як ва дуошёна;

– бунёди иншооти зербинои қад-қади роҳ, аз ҷумла меҳмонхоанхои хурд (мотелҳо), ҳоҷатхонаҳо ва ғайра.

Қрбили зикр аст, ки аз Тоҷикистон ба сифати сайёҳон асосан шаҳрвнадони Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Арманистон, Украина ва Ӯзбекистон боздид мекунанд.

«Аз кишварҳои ғарбӣ низ шумори сайёҳон дар ҳоли фазоиш аст. Ҳамаи кору талоши мо имрӯз ба он равона гардидааст, ки то соли 2020 шумори сайёҳонро ба Тоҷикистон то 1 млн. нафар расонем», – афзуд Абдуғаффорзода.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.