Мактабҳои Душанберо кормандони милитсия посбонӣ мекунанд

Мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанберо кормандони милитсия таҳти побонӣ қарор доданд. Ин иқдом бо дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини амнияти толибилмони мактабҳо сурат гирифтааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати маорифи пойтахт дар ин робита хабар дод, муассисаҳои таҳсилоти миёнаро кормандони хадамоти посбонии «Муҳофиз»-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон посбонӣ […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанберо кормандони милитсия таҳти побонӣ қарор доданд. Ин иқдом бо дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини амнияти толибилмони мактабҳо сурат гирифтааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати маорифи пойтахт дар ин робита хабар дод, муассисаҳои таҳсилоти миёнаро кормандони хадамоти посбонии «Муҳофиз»-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон посбонӣ хоҳанд кард. Барои ин кор ба кормандони милитсия аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағ пардохт мешавад.

«Бо дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ Раёсати маорифи шаҳри Душанбе бо ВКД Тоҷикистон дар ин хусус шартнома ба имзо расонида, аз 1 феврал мактабҳоро 200 нафар кормандони хадамоти зикршуда, ду нафарӣ дар ҳар кадоме аз мактабҳо посбонӣ мекунанд», – хабар доданд аз Раёсати маорифи пойтахт.

Хотиррасон шуд, ки қаблан дар мактабҳои шаҳр чунин посбонӣ вуҷуд надошт, танҳо мктабҳои хусусӣ аз ҳисоби буҷети мактаб ё маблағҳои волидон барои худ посбонон киро мекарданд.

Тибқи маълумоти Раёсат, дар Душанбе дар маҷмӯъ 144 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд, ки фаъолияти 111-тои он аз ҳисоби буҷети шаҳру ноҳияҳо маблағгузорӣ шуда, боқимонда мактабҳои хусусӣ  мебошанд ё ба сохтори вазорату идораҳо ва муасисаҳои олии таълимӣ дохиланд.

«Танҳо мактабҳое, ки аз буҷет маблағгузорӣ мешаванд ва мактабҳое, ки зиёда аз 500 нафар хонанда доранд, таҳти посбонӣ қарор мегиранд», – таъкид дошт манбаъ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.