Шавкат Мирзиёев барои дастгирии тоҷирони тоҷик 100 млн. доллар ҷудо мекунад

Дар доираи сафари қарибулвуқӯъи президенти Ӯзбекистон ба Душанбе дар бораи аз ҷониби Тошканд ҷудо шудани 100 млн. доллар баҳри дастгирии тоҷирони тоҷик созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо мерасад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, маблағи ҷудошуда ба сифати қарзи имтиёзнок ба суратҳисоби яке аз бонкҳои Тоҷикистон гузаронида мешаванд, лекин номи бонк мушаххасан […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар доираи сафари қарибулвуқӯъи президенти Ӯзбекистон ба Душанбе дар бораи аз ҷониби Тошканд ҷудо шудани 100 млн. доллар баҳри дастгирии тоҷирони тоҷик созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо мерасад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, маблағи ҷудошуда ба сифати қарзи имтиёзнок ба суратҳисоби яке аз бонкҳои Тоҷикистон гузаронида мешаванд, лекин номи бонк мушаххасан зикр нашуд.

«Тибқи шартҳои ҷониби Ӯзбекистон, маблағ бо фоизҳои начандон зиёд танҳо ба он соҳибкорони тоҷик дода мешаванд, ки бо корхонаҳои давлатӣ ва хусусии Ӯзбекистон тарҳҳои тиҷоратии мушаххас дошта бошанд», – қайд кард манбаъ.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар муқоиса бо соли 2016 ба андозаи 82 фоиз афзуда, 126 млн. долларро ташкил дод.

Дар сохтмори ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо 69 млн. доллар ба воридоти мол аз Ӯзбекистон ва 57 млн. доллар ба содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.