Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  8.8227 сомонӣ; 1 евро – 11.0143 сомонӣ; 1 рубли русӣ – 0.1562 сомонӣ.   ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ 1993 — Дафтари кории САҲА дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард. 2003 — Дар қаламрави […]

Asia-Plus

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8227 сомонӣ;

1 евро – 11.0143 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1562 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1993 — Дафтари кории САҲА дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.

2003 — Дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд воҳиди махсуси ВКД ҶТ миқдори зиёдтарини маводи мухаддир дар таърихи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар – 345 кило героинро дарёфт ва мусодира намуд.

2007 — Дар Душанбе торнамои нави расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (www.mfa.tj) муаррифӣ шуд.

2013 — Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо дархости истирдоди собиқ нахуствазири кишвар Абдумалик Абдуллоҷонов ба ҳамтоҳои украинии худ муроҷиат кард.

2015 — Бо супориши президент прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов прокуророни тамоми вилоятҳо ва шаҳри Душанберо аз вазифаашон озод кард.

1929 – Зодрӯзи оҳангсоз, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Яъқуб Сабзанов.

1930 – Мавлуди адабиётшинос, нависанда Зоҳир Аҳрорӣ.

1939 – Зодрӯзи сароянда, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Тӯхта Иброҳимова.

1974 – Мавлуди олим-табиб Нигина Даминова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -1+4.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +9+14.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона +5+10; дар шарқ шабона -9-14, рӯзона -2+3.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +5+10.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +17+19.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона 0+2.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.