Миёни Душанбе ва Хуҷанд автобусҳо равуо мекунанд

Комиссияи махсуси байни мақомоти марбута имкони роҳандозии мусофиркашонӣ бо автобусҳо байни минтақаи ҷануб ва шимоли Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор додааст. «Барои омӯзиши ин масъала комиссияи махсуси иборат аз намояндагон Вазорати нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо таъсис дода шуд», – гуфт зимни нишасти хабарӣ роҳбари Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Қурбоналӣ […]

Наим Халимов

Комиссияи махсуси байни мақомоти марбута имкони роҳандозии мусофиркашонӣ бо автобусҳо байни минтақаи ҷануб ва шимоли Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор додааст.

«Барои омӯзиши ин масъала комиссияи махсуси иборат аз намояндагон Вазорати нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо таъсис дода шуд», – гуфт зимни нишасти хабарӣ роҳбари Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Қурбоналӣ Хизиров.

Ӯ қайд кард, ки аъзои комиссияи зикршуда ҷиҳати санҷиши имконоти ифтитоҳи хатсайрҳо ба ин самт бо автобуси ширкати Asian Express Terminal аз Душанбе то Хуҷанд ва аз он ҷо боз ба пойтахт баргаштаанд.

«Дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки баъзе мушкилот ҷой доранд ва барои мусофиркашонии бехатар тариқи автобусҳои нав онҳоро бартараф кардан лозим аст», – иброз дошт Хизиров, вале мушкилотро саҳеҳан номбар накарда, танҳо қайд кард, ки ин ҷо «масъалаи таъмини бехатарӣ» дар назар аст.

Зимнан зикр гардид, ки натиҷаи санҷишҳо санадгузорӣ шуда, ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта пешниҳод шудааст.

«Хатсайрҳои мунтазам аз Душанбе ба Хуҷанд баъди ҳаллу фасли ин мушкилот роҳандозӣ шуда, бовар дорам, ки хоҳишмадони сафар аз пойтахт ба шаҳри Хуҷанд бо автобусҳои муосир кофӣ хоҳад буд», – илова кард номбурда.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.