Қарзи хориҷии Тоҷикистон аз 40%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд шуд

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали соли равон ба 2,9 млрд. доллар расид, ки ба 40,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ баробар аст. Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки давоми соли ҷорӣ Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ба маблағи 200 млн. доллар қарз дарёфт карданист. «Қарзҳоро мо асосан аз ниҳодҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали соли равон ба 2,9 млрд. доллар расид, ки ба 40,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ баробар аст.

Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки давоми соли ҷорӣ Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ба маблағи 200 млн. доллар қарз дарёфт карданист.

«Қарзҳоро мо асосан аз ниҳодҳои молиявие, ки шарикони доимии кишвар мебошанд, дарёфт мекунем. Имконоти молии кишвар ҷиҳати саривақт ва пурраи иҷрои уҳдадориҳо аз рӯи қарзҳои ҷалбшуда имкон медиҳанд», – гуфт вазир.

Зимнан таъкид шуд, ки соли гузашта ба пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳои он 147 млн. доллар маблағ равона гардидааст.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон айни замон Чин (Бонки содиротиву воридотии Чин) мебошад, ки ҳаҷми он наздики 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад. Қарзҳо аз фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ 500 млн. долларро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ (318 млн.), Бонки осиёгии рушд (278 млн.) ва Бонки исломии рушд (112 млн. доллар) низ қарздор аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.