Мактабҳои Душанберо кормандони милитсия посбонӣ мекунанд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанберо кормандони милитсия таҳти побонӣ қарор доданд. Ин иқдом бо дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини амнияти толибилмони мактабҳо сурат гирифтааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати маорифи пойтахт дар ин робита хабар дод, муассисаҳои таҳсилоти миёнаро кормандони хадамоти посбонии «Муҳофиз»-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон посбонӣ хоҳанд кард. Барои ин кор ба кормандони милитсия аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағ пардохт мешавад.

«Бо дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ Раёсати маорифи шаҳри Душанбе бо ВКД Тоҷикистон дар ин хусус шартнома ба имзо расонида, аз 1 феврал мактабҳоро 200 нафар кормандони хадамоти зикршуда, ду нафарӣ дар ҳар кадоме аз мактабҳо посбонӣ мекунанд», – хабар доданд аз Раёсати маорифи пойтахт.

Хотиррасон шуд, ки қаблан дар мактабҳои шаҳр чунин посбонӣ вуҷуд надошт, танҳо мктабҳои хусусӣ аз ҳисоби буҷети мактаб ё маблағҳои волидон барои худ посбонон киро мекарданд.

Тибқи маълумоти Раёсат, дар Душанбе дар маҷмӯъ 144 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд, ки фаъолияти 111-тои он аз ҳисоби буҷети шаҳру ноҳияҳо маблағгузорӣ шуда, боқимонда мактабҳои хусусӣ  мебошанд ё ба сохтори вазорату идораҳо ва муасисаҳои олии таълимӣ дохиланд.

«Танҳо мактабҳое, ки аз буҷет маблағгузорӣ мешаванд ва мактабҳое, ки зиёда аз 500 нафар хонанда доранд, таҳти посбонӣ қарор мегиранд», – таъкид дошт манбаъ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".