Қадрдонии низомиён ба ифтихори 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Asia-Plus

Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 феврал ба ифтихори таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни ҳарбиро барои хизмати намунавии ҳарбӣ, саҳми арзанда дар таҳкими артиши миллӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, 4 нафар бо ордени “Спитамен дараҷаи II”, 5 нафар бо медали “Ҷасорат”, 5 нафар бо медали “Хизмати шоиста”, 2 нафар бо медали “Шафқат” ва 12 нафар бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Бо фармонҳои Президент ба вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо рутбаи навбатии ҳарбии генерал-полковник, ба генерал лейтенанти гвардия Раҷабалӣ Раҳмоналӣ – муовини якуми раиси КДАМ, Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ рутбаи генерал – полковник дода шуд.

Генерал – майор Собирзода Эмомалӣ – Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, муовини якуми вазири мудофиаи ҶТ ба рутбаи генерал-лейтенант, генерал – майор Файзизода Латифҷон Мирзо – мушовири Вазири мудофиа барутбаи навбатии генерал-лейтенант соҳиб шуданд.

Ба полковник Шараф Эгамзод – муовини сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ рутбаи генерал – майор, ба полковник Меҳваршо Донаёрзода – сардори раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа – генерал-майор, ба полковник Саёрабек Бачабекзода – сардори раёсати қушунҳои муҳандисии ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ рутбаи генерал – майор, ба полковник Ихтиёр Охунзода – муовини аввали фармондеҳ, сардори сарситоди қушунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳ – генерал – майор, ба полковник Темур Қурбонов – муовини аввали фармондеҳ, сардори Сарситоди қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Қувваҳои мусаллаҳ – генерал – майор, ба полковник Фозил Раҳимов сардори раёсат оид ба масъалаҳои амнияти ҳарбӣ дар котиботи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ рутбаи низомии генерал – майор тақдим шуд.

Ҳамчунин ба полковники адлия Сулаймон Султонзода – директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ рутбаи махсуси генерал – майори адлия ва ба Зайниддин Каримзода – командири бригадаи посбоникунандаи рақами 6593-и сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ рутбаи генерал-майори адлия супорида шуд.

Ҳамчунин бо Фармони Президенти Вайсиддин Боронзода – командири қисми ҳарбии 02011 қушунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Хушбахт Миравар – муовини аввали сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Бахтиёр Муминзода – командири қисми ҳарбии 01972 қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Мӯсо Одиназода – сардори раёсати ташкил ва сафарбарӣ, муовини сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ бо ордени “Спитамен дараҷаи II” сарфароз гардонида шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.