БОР масъалаи андозбандии лоиҳаҳояшро бо ҳукумат ҳал карданист

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) масъалаи андозбандии лоиҳаҳоеро, ки аз ҷониби ин ниҳоди молӣ маблағгузорӣ мешаванд, бо ҳукумати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор додааст.

«Дар мавриди ҳалли ин масъала мо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба созиш расидем, то ки ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо беҳтар сурат гирад», – хабар дод намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава зимни нишастихабарӣ дар Душанбе.

Намояндаи Бонк қайд кард, ки тӯли якуним соли охир нисбати андозбандии лоиҳаҳои БОР як ҳолати ғайри қобили пешбинӣ ба назар мерасад, ки «дар натиҷа амалсиозии лоиҳаҳо ба таъхир меафтад».

Дар амалисозии ҳатто лоиҳаи хуб низ ӯ «ҳеҷ маънӣ» намебинад, агар ин лоиҳа бо таъхир амалӣ шавад. «Аз ин рӯ, масъалаи бозистодани амалисозӣ барои мо масъалаи хеле ҷиддӣ аст», – гуфт Прадип Сривастава.

Зимнан таъкид шуд, ки баррасии ин масъала бо ҳукумат ба воситаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ идома дорад.

«Мо бо мавқеи Кумитаи андоз шинос шуданием, зеро чунин мешуморем, ки ин масъала шарҳи назари ҳарду ҷонибро талаб мекунад, то ки минбаъд нофаҳмиҳо ба миён наоянд», – илова кард намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.