БОР масъалаи андозбандии лоиҳаҳояшро бо ҳукумат ҳал карданист

Бонки осиёгии рушд (БОР) масъалаи андозбандии лоиҳаҳоеро, ки аз ҷониби ин ниҳоди молӣ маблағгузорӣ мешаванд, бо ҳукумати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор додааст. «Дар мавриди ҳалли ин масъала мо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба созиш расидем, то ки ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо беҳтар сурат гирад», – хабар дод намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава зимни нишастихабарӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) масъалаи андозбандии лоиҳаҳоеро, ки аз ҷониби ин ниҳоди молӣ маблағгузорӣ мешаванд, бо ҳукумати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор додааст.

«Дар мавриди ҳалли ин масъала мо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба созиш расидем, то ки ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо беҳтар сурат гирад», – хабар дод намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава зимни нишастихабарӣ дар Душанбе.

Намояндаи Бонк қайд кард, ки тӯли якуним соли охир нисбати андозбандии лоиҳаҳои БОР як ҳолати ғайри қобили пешбинӣ ба назар мерасад, ки «дар натиҷа амалсиозии лоиҳаҳо ба таъхир меафтад».

Дар амалисозии ҳатто лоиҳаи хуб низ ӯ «ҳеҷ маънӣ» намебинад, агар ин лоиҳа бо таъхир амалӣ шавад. «Аз ин рӯ, масъалаи бозистодани амалисозӣ барои мо масъалаи хеле ҷиддӣ аст», – гуфт Прадип Сривастава.

Зимнан таъкид шуд, ки баррасии ин масъала бо ҳукумат ба воситаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ идома дорад.

«Мо бо мавқеи Кумитаи андоз шинос шуданием, зеро чунин мешуморем, ки ин масъала шарҳи назари ҳарду ҷонибро талаб мекунад, то ки минбаъд нофаҳмиҳо ба миён наоянд», – илова кард намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.