Ронандагони нақлиёти ҷамъиятии Душанбе қоидаҳои навро риоя мекунанд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар баробари болоравии арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, қоидаҳои нав, аз ҷумла нигоҳ доштани воситаи нақлиёт танҳо дар истгоҳҳо ва аз ҷойи нишасти автомашина зиёд нагирифтани мусофирон низ мавриди амал қарор гирифтанд.

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет аз ҷорӣ шудани чунин қоидаҳо изҳори хушнудӣ карда, чанди дигар изҳор доштаанд, ки дар ҳамин ҳол, барои ба мусофирбар нишастан дар истгоҳҳо зиёд интизорӣ кашидаанд.

Бино ба маълумоти КВД «Душанбенақлиётхадамот расон», рӯзи 1 март дар кӯчаҳои пойтахт 1900 микроавтобус, 180 автобус ва 71 троллейбус ба хатсайр баромадаанд.

«Шумори нақлиёт дар хатсайри №8 бо иловаи 5 адад автобусҳои «AKIA» ва хатсайри №18 бо иловаи 5 автобуси нави тамғаи «Isuzu» зиёд шуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 1 март ба корхонаҳои «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус», ҳамчунин 13 ширкати хусусӣ қариб 73 ҳазор сомонӣ пул бо танга тақсим карда шудааст, то ки зимни додани бақияпулӣ байни ронанда ва мусофирон нофаҳмӣ ба миён наояд.

«Агар ошкор шавад, ки ронандагон бақияпулиро надодаанд, дар мавзеи дур ё наздик аз истгоҳ автомашинаро боздоштаанд ё аз ҷойи нишаст зиёд мусофир гирифтаанд, онҳо ҷарима шуда, аз рақами «зард» (ба мусофиркашонӣ ҳуқуқ медиҳад – «Азия-Плюс») маҳрум карда мешаванд», – иброз доштанд дар корхона.

Ҳамчунин қайд шуд, ки аз 1 март дар пойтахт корти ягонаи пардохт мавриди амал қарор гирифт, ки тариқи он меавон роҳкиро дар автобусу троллейбусҳоро пардохт намуд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, сарфи назар аз масофаи роҳ, акнун нархи роҳкиро дар маршруткаҳои шаҳр 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад.

Нархи роҳкиро дар дар автобусҳо 1 сомониву 20 дирам, дар маршруткаҳо 1 сомониву 60 дирам, автобусҳои бо реҷаи экспресс фаъолияткунанда – 1 сомониву 50 дирам ва дар хатсайрҳои наздишаҳрӣ 2 сомонӣ муқаррар шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.