Оғози фаъолияти гузаргоҳи роҳи оҳани «Амузанг» дар Хатлон

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Гузаргоҳи роҳи оҳани «Амузанг» имрӯз дар қаламрави ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон ба фаъолият оғоз намуд.

Ин гузаргоҳ вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо истгоҳи «Хошади»-и вилояти Хатлон пайваст мекунад. Ба наздикӣ тариқи он қатораҳои боркашу мусофирбар аз Ӯзбекистон ба ҷануби Тоҷикистон равуо мекунанд.

Дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳ раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода ва раиси вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон Эркин Турдимов иштирок кардаанд.

Тибқи баъзе маълумот ба чорабинии маросими ифтитоҳи гузаргоҳ аз ҷониби Тоҷикистон наздики 5 ҳазор нафар – толибилмону кормандони муассисаҳои давлатии ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритӯс ва Носири Хусрав сафарбар шудаанд.

Рӯзноманигорони васоити ахбори умуми хусусӣ ва мустақилро ба ин маросим роҳ надода, танҳо шабакаҳои давлатии телевизион наворбардорӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки ҳаракати қатораҳо дар самти қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Тирмиз-Қӯрғонтеппа, баъд аз таркиш дар роҳи оҳани ин самт моҳи ноябри соли 2011 қатъ гардида, баъдан баҳори соли 2012 Ӯзбекистон бидуни ҳеҷ огаҳие ба вайрон кардани қитъаҳои ин роҳ ба самти вилояти Хатлон оғоз кард.

Баъди ин Тоҷикистон баҳри пайвсат кардани роҳҳои оҳани вилояти Хатлон бо ҷаҳони беруна ба сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб оғоз намуд. Дар сохтмони ин роҳ қариб 500 млн. сомонӣ маблағ сарф шуда, он моҳи августи соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...