Беш аз 6 ҳазор занони зодагони Суғд дар мансабҳои роҳбарианд

Дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки садҳо нафар занони фаъоли вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ қайд кард, ки «бо шарофати сиёсати оқилонаву ҳадафманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

Asia-Plus

Дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки садҳо нафар занони фаъоли вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ қайд кард, ки «бо шарофати сиёсати оқилонаву ҳадафманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз занони мо соҳибмаълумот, соҳибмақом ва соҳибмаърифат гардида, дар тамоми соҳаҳо фаъолият мебаранд».

Зикр гардид, ки имрӯз аз наздик 1 млн. 300 ҳазор нафар занону духтарони вилоят 6ҳазору167 нафарашонро занони роҳбар ва 1271 нафарашонро хизматчиёни давлатӣ ташкил медиҳанд.

Аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар – Хайринисо Юсуфӣ дар мансаби муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, 1 нафар ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, 4 нафар ба ҳайси вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва 1 нафар – Мавлуда Қаландарзода дар мансаби Раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар доранд.

«Ҳузури фаъоли занон дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ низ мояи ифтихор аст ва фаъолияти 1 нафар ба ҳайси муовини Раиси вилоят, 2 нафар раиси шаҳр, 15 нафар муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, 18 нафар ҳамчун вакилони Маҷлиси халқи вилояти Суғд, 99 нафар ба ҳайси вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва 536 нафар ба ҳайси вакилони ҷамоат, аз ҷумла 10 нафар ба ҳайси раиси ҷамоат худ гувоҳи он аст, ки занон дар канори мардон барои пешравии ҷомеа саҳми арзанда доранд», – қайд кард Аҳмадзода.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.