Роҳандозии портали «МегаФон Тоҷикистон» барои дӯстдорони кино

Иттилоияи расмӣ

Дӯстдорони кино ва сериалҳо акнун онро метавонанд бо сифати хуб дар портали MegaMovie аз «МегаФон Тоҷикистон» тамошо кунанд. Барои пайвастшавӣ ба портал муштариёни ширкатро кофист, ки USSD-супориш (команда)-и *4001# ё адади 0-ро ба рақами кӯтоҳи 4001 фиристанд. Пардохти ҳамарӯза барои истифода аз ин хизматгузорӣ – 1,20 сомониро ташкил медиҳад.

«Ширкати мо ҳамқадами замон буда, дар баъзе ҳолатҳо пешакӣ дархостҳои муштариёнро ба инобат мегирад. Айни замон тамошои видео тариқи онлайн маъруфияти бештар касб мекунад. Аз ин рӯ, мо ба муштариён тамошои филмҳои шавқовар дар як вақт бо тамошобинони дигар кишварҳои ҷаҳонро пешниҳод намудем. Роҳандозии портали мазкур ба тамошои филмҳои навтарин дар ҳама гуна вақти қулай барои муштариён бидуни аз хона берун рафтан имкон медиҳад», – қайд кардааст Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

Портали MegaMovie иҷозатномаи видео-контент дар шакли сериалҳои писандида аз «Амедиатека» дорад. Ҳозир web-версияи портал роҳандозӣ ва замимаи мобилӣ барои iOS дастрас буда, ояндаи наздик барои Android низ замима пайдо мешавад.

Портал ба муштариён бо суроғаи https://megamovie.tj/ дастрас аст.

Маълумоти муфассал дар бораи чӣ гуна пайваст шудан ба портал бо суроғаи https://megamovie.tj/main.php?q=basic/rule қобили дарёфт мебошад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...