Автобуси «Азия-Плюс» ва «Оби Зулол» барои хизмат ба занон

Автобуси идона бо гулу туҳфаҳо имрӯз дар арафаи ҷашни Рӯзи модар дар яке аз хатсайрҳои марказии пойтахт равуо мекунад. Дар остонаи ҷашни Рӯзи модар гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» дар ҳамдастӣ бо ширкати «Оби зулол» аксияи «Модарони Душанбе»-ро роҳандозӣ мекунанд. Автобуси бепул дар яке аз хатсайрҳои марказии пойтахт – хиёбони Рӯдакӣ (автобуси хатсайри №3) равуо намуда, ҳамаи […]

Asia-Plus

Автобуси идона бо гулу туҳфаҳо имрӯз дар арафаи ҷашни Рӯзи модар дар яке аз хатсайрҳои марказии пойтахт равуо мекунад.

Дар остонаи ҷашни Рӯзи модар гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» дар ҳамдастӣ бо ширкати «Оби зулол» аксияи «Модарони Душанбе»-ро роҳандозӣ мекунанд.

Автобуси бепул дар яке аз хатсайрҳои марказии пойтахт – хиёбони Рӯдакӣ (автобуси хатсайри №3) равуо намуда, ҳамаи занони хоҳишмандро бепул то ҷойи зарруриашон бурда мерасонад.

Автобуси мо хеле ҷолиб зебу зинат дода шуда, шумо онро ба зудӣ пайдо мекунед. Ҳар зани хоҳишманд метавонад ба он савор шавад: ӯро туҳфа, ҳодисаҳои аҷибу ногаҳонӣ ва табъи болида интизор аст.

Ғайр аз ин, ба ҳар кадоме аз иштирокчиёни ин аксия рақами махсусе дода мешавад, ки ба воситаи он нимаи дуюми имрӯз дар барномаи пахши мустақими радиои «Азия-Плюс» дар мавҷи 107 FM туҳфаҳои ҷолибу арзишманд ба бозӣ гузошта мешаванд.

Чорабинии мазкур бо дастгирии дастгоҳи мақомоти шаҳрдории Душанбе гузаронида мешавад. Сарпарастони кулли аксияи «Модарони Душанбе» – ширкатҳои «Оби Зулол» ва «RC cola»; сарпарастони расмӣ – «Бонки байналмилалии Тоҷикистон»», ширкати алоқаи Tсell, фабрикаи қаннодии «555» ва ширкати Huawei; шарикони аксия – Маркази зебоишиносӣ ва ороишоти занон (Центр эстетической гинекологии и косметологии) мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.