Ҷашни Рӯзи Модар муборак бонувони гиромӣ!

Date:

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ҳамаи Шуморо бо ҷашни Рӯзи Модар аз самими қалб табрику таҳният гуфта, бароятон хонаободӣ, хушбахтӣ ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро таманно дорем.

Бигзор, дилҳои занону бонувон ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳсори диёрамон поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову пурҷило бошад.

Ба тамоми модарону бонувони кишвар хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзумандем. Бигзор доимо дар лабонатон табассум ҳувайдо бошад ва ба мисли гулҳои баҳорӣ шукуфон ва сарсабзу хуррам бимонед!

Гуфтаҳои шоир дарвоқеъ таҷассумгари бузургии зан мебошанд:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Хоҳӣ, ки ризои мо биҷӯӣ,

Он кун, ки ризои модарон аст.

Ид муборак, бонувони азиз!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...