Ҷашни Рӯзи Модар муборак бонувони гиромӣ!

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ҳамаи Шуморо бо ҷашни Рӯзи Модар аз самими қалб табрику таҳният гуфта, бароятон хонаободӣ, хушбахтӣ ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро таманно дорем. Бигзор, дилҳои занону бонувон ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳсори диёрамон поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову пурҷило бошад. Ба тамоми модарону бонувони кишвар хушбахтиву иқболи нек, толеи […]

Asia-Plus

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ҳамаи Шуморо бо ҷашни Рӯзи Модар аз самими қалб табрику таҳният гуфта, бароятон хонаободӣ, хушбахтӣ ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро таманно дорем.

Бигзор, дилҳои занону бонувон ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳсори диёрамон поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову пурҷило бошад.

Ба тамоми модарону бонувони кишвар хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзумандем. Бигзор доимо дар лабонатон табассум ҳувайдо бошад ва ба мисли гулҳои баҳорӣ шукуфон ва сарсабзу хуррам бимонед!

Гуфтаҳои шоир дарвоқеъ таҷассумгари бузургии зан мебошанд:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Хоҳӣ, ки ризои мо биҷӯӣ,

Он кун, ки ризои модарон аст.

Ид муборак, бонувони азиз!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.