Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатии дурӯза аз Тоҷикистон боздид мекунад; – Дар маҷмааи «Кохи Борбад» бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон консерти устодони санъати кишварҳо доир мегардад; – Дар маҷмааи варзишии «Манеж»-и шаҳриДушанбе намоишгоҳи миллиии саноатии Made in Uzbekistan ба кор шурӯъ мекунад; – Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» ҷаласаи аввали […]

Asia-Plus

АНОНС

– Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатии дурӯза аз Тоҷикистон боздид мекунад;

– Дар маҷмааи «Кохи Борбад» бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон консерти устодони санъати кишварҳо доир мегардад;

– Дар маҷмааи варзишии «Манеж»-и шаҳриДушанбе намоишгоҳи миллиии саноатии Made in Uzbekistan ба кор шурӯъ мекунад;

– Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» ҷаласаи аввали Шӯрои кории «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8227 сомонӣ;

1 евро – 10.9481 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1550 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1934 – КМ ҲК (б) Тоҷикистон дар бораи дар Душанбе ташкил кардани осорхонаи ҷумҳуриявӣ – собиқ бинои Осорхонаи миллии ба номи Беҳзод қарор қабул кард.

1996 – Аз ҷониби 30 иттиҳодияи ҷамъиятӣ Созишнома дар бораи ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис дода шуд.

1884 – Зодрӯзи олими антрополог, муҳаққиқи Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон Лев Василевич Ошанин.

1931 – Зодрӯзи Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Нуринисо Бобоҷонова.

1954 – Зодрӯзи мусиқишинос Ҳасани Собир.

1959 – Зодрӯзи муҳаққиқи матбуоти тоҷик Аъзам Азимов.

1970 – Зодрӯзи олим Наҳтулло Ҳасанов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +16+21; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +7+12.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4+1, рӯзона +6+11; дар шарқ шабона -15-20, рӯзона -2+3.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф) дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +18+23; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва нимаи аввали рӯз борон меборад.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +24+26.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +6+8.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.