Барномаи сафари Шавкат Мирзиёев. Кадом роҳҳо баста мешаванд?

Рӯзҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавакат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки имрӯз оғоз мегарад, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи чанде аз кӯчаҳои пойтахт муваққатан баста мешавад. Мо кӯшиш ба харҷ додем, ки нақшаи эҳтимолии баста шудани роҳҳоро мувофиқи барномаи сафар таҳия кунем. Рӯзи 9 март – аз соати 09:00 то 11:00 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳо аз фурудгоҳ […]

Asia-Plus

Рӯзҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавакат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки имрӯз оғоз мегарад, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи чанде аз кӯчаҳои пойтахт муваққатан баста мешавад.

Мо кӯшиш ба харҷ додем, ки нақшаи эҳтимолии баста шудани роҳҳоро мувофиқи барномаи сафар таҳия кунем.

Рӯзи 9 март – аз соати 09:00 то 11:00 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳо аз фурудгоҳ то қароргоҳи ҳукумат: хиёб. А. Дониш – Айнӣ – Рӯдакӣ баста мешавад.

Аз 13:30 то 14.00 – роҳҳо аз қароргоҳи ҳукумат то майдони «Дӯстӣ»: хиёб. Рӯдакӣ баста мешаванд. 

Аз соати 15:30 то 16:30 – ҳаракати нақлиёт аз майдони «Истиқлол» то мавзеи собиқ Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) – мавзеи наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: хиёб. Рӯдакӣ, хиёб. И.Сомонӣ муваққатан манъ мешавад.

16:3020.00 – манъи муваққатии ҳаракати нақлиёт аз Боғи ҳайвонот то маҷмааи «Кохи Борбад»: хиёб. И.Сомонӣ.

Субҳи 10 март аз соати 09:30 то 11:00 ҳаракати нақлиёт дар мавзеи наздикии қароргоҳи шаҳрии ҳукумат: хиёб. Рӯдакӣ қисман манъ мешавад.

Аз соати 14:00 то 15.00 – ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз қароргоҳи ҳукумат то фурудгоҳ: хиёбони Рӯдакӣ – А.Дониш қатъ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.