Оғози фаъолияти беш аз 20 ширкати нави сайёҳӣ тӯли 5 моҳи охир

Тӯли панҷ моҳи охир зиёда аз 20 ширкатҳои нави сайёҳӣ ба бозори сайёҳии мамлакат ворид гардида, фаъолияти худро баҳри таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, пешниҳоди он ба муштариён ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ сафарбар намуданд. Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод намудани […]

Asia-Plus

Тӯли панҷ моҳи охир зиёда аз 20 ширкатҳои нави сайёҳӣ ба бозори сайёҳии мамлакат ворид гардида, фаъолияти худро баҳри таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, пешниҳоди он ба муштариён ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ сафарбар намуданд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, аз қабили меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳо, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, инчунин ба андозаи 50% коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии соҳибкоронро барои фаъолият дар бахши сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори соҳа зиёд гардонид.

«Бо мақсади ҷалби аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, озод намудани истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ аз ҳамаи намудҳои андоз, боиси такони нав бахшидан ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳё гаштани ҳунарҳои азбайнрафта ва ҳарчи зиёдтар баровардани маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ гашта истодааст», – қайд мешавад дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, дар баробари ин, бунёди як қатор иншооти инфрасохторӣ низ мавриди таваҷҷуҳи соҳибкорон қарор дорад.

«Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки имтиёзҳои мазкур ба рушди менеҷменти саноати сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои ба он дахлдор, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ба таври кофӣ гузаронидани корҳои таблиғотию – рекламавӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар, алоқаи мустаҳкам ва самараноки давлат ва бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад», – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ барои ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати сохтмони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, таъмири роҳҳо то мавзеъҳои сайёҳӣ, инфрасохтори ин мавзеъҳо ва баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии онҳо бо истифода аз имтиёзҳои андозиву гумрукии пешниҳодшуда, расонидани кумаки касбӣ ҷиҳати банақшагирии сайёҳӣ ва истифодаи самараноки механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар иншоотҳои сайёҳӣ тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио